Вазири саноат ва сохтмони Чумхурии Казокистон Канат Шарлапаев бо Президенти «Институти илмхои геология ва захирахои минералии Корея» (KIGAM) Сеокчжун Ли ва ноиби президенти «SK ECOPLANT» Пайк Хансон мулокот намуд.

Намояндагони ширкатхои Корея дар бораи лоихахои татбикшуда ва дурнамои хамкории имконпазир маълумот пешниход намуданд. Онхо ба гузаронидани корхои муштараки геологи ва истихрочи литий изхори манфиатдори намуданд.

Илова бар ин, Президенти KIGAM дар бораи накшахои сохтмони корхонаи истехсоли карбонати литий ва гидроксиди литий дар каламрави Чумхури изхор дошт.
К. Шарлапаев омодагии Казокистонро барои расонидани чорахои зарурии дастгири аз чониби давлат барои татбики лоихахо кайд намуд. Илова бар ин, карор кабул намуда шуд, ки дар Остона мачлиси васеъ баргузор намуда шавад.
Пештар, KIGAM дар якчояги бо ЧДММ «Казгеология» дар конхои Бакенное корхои геологи ва геофизики гузарониданд. Масъалаи додани Ичозатнома барои кашф ва истихроч дар ин кон барраси намуда мешавад.
Аксхо: вазорати саноат Ва сохтмони Чумхурии Казокистон