Дар Киргизистон Форуми сеюми Глобалии «Мактаб 2030» баргузор шуд — ИА Караван Инфо
Дар Киргизистон Форуми сеюми Глобалии "Мактаб 2030" баргузор шуд

Дар Киргизистон Форуми сеюми Глобалии «Мактаби 2030» бо иштироки фаъолонаи шабакаи глобалии Фондхои Огохон баргузор гардид.

Дар чорабини 200 нафар намояндагони сохаи маориф зиеда аз 25 кишвар иштирок намуданд. Шиори форум «Рохбарии омузгорон дар таъмини устувории тагиребии иклим: таъгиребии таълим ва равишхои системави барои эчоди ояндаи устувори сайераи мо».

Дар ифтитохи форум муовини Раиси хучраи (кабинет) Вазирони Чумхурии Киргизистон Эдил Байсалов суханрони намуд.

«Мо вазифадорем, ки наслхои наврасро бо дониш, малака ва арзишхое таъмин намоем, ки ба онхо дар бунеди чомеаи устувор ва бехатар фаъолона иштирок намоянд. Киргизистон махсусан ба тагиребии иклим осебпазир аст, ки дар навбати худ ба суботи иктисоди ва ичтимоии кишвар ва минтака дар мачмуъ таъсир мерасонад. Мо медонем, ки дар мубориза бо тагйиребии иклим маориф накши калиди дорад, зеро махз кудакон ва чавонон моро ба ояндаи бехтари устувории экологи мебаранд. Аз ин ру, мухим аст, ки системахои маориф кудакон ва чавононро дар рушди на танхо донишхои таълими, балки малака ва арзишхо барои мутобикшави ва кохиш додани таъсири тагйиребии иклим дастгири кунанд», гуфт муовини Раиси хучра.

У иброз намуд, ки Президенти Киргизистон Садир Жапаров барномаи нави давлатии «Алтин казик» (Ситораи Поляри) — ро бо максади тагйир додани системаи маориф огоз намудааст. Тибки барномаи нав, таквияти тахсилоти томактаби, гузариш ба тахсили 12-сола ва истифодаи насли нави китобхои дарси оид ба фанхои STEM ба накша гирифта шудааст.

STEM (science, technology ,ggineering and mathematics) илмхои табии, технология, мухандиси ва математика мебошад.

«Ин барнома барои солхои оянда барои сармоягузори ба сармояи инсони вазифахои аз хама серталабро мегузорад. Хадафи мо аз он иборат аст, ки фарзандони Киргизистон бо имкониятхо барои азхудкунии донишу малакаи сатхи чахони таъмин гарданд ва тавонанд ба иктидори пурраи худ бирасанд.  Онхо бояд дар бозори чахони ракобатпазир бошанд. Барнома «Ситораи Поляри» ном дорад, зеро сармоягузори ба сармояи инсони ситораи асосии рохнамои мост», — хулоса намуд Эдил Байсалов.

Аксхо: сомонаи Расмии Кобинаи Вазирони Чумхурии Киргизистон

error: