Санаи 4 июни соли 2024 дар Парлумони Точикистон бо максади рушди сохаи сохтмон «Стратегияи рушди сохаи сохтмони Чумхурии Точикистон барои давраи то соли 2030» барраси гардид. Каблан ин санади мухимро Кумитаи меъмори ва сохтмони назди Хукумати Чумхурии Точикистон, аз чумла накшаи чорабинихо оид ба Татбики Стратегияи мархилаи якум то соли 2025 тахия ва тасдик карда буд.

Стратегия хадафхо, афзалиятхои рушд, самтхои асоси ва механизмхои ислохоти сохаи сохтмонро муайян мекунад.
Дар мухокима рохбарони Кумитаи энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, инчунин Кумитаи меъмори ва сохтмони назди Хукумати Чумхурии Точикистон иштирок карданд.

Зикр гардид, ки ба сохтмони иншооти таъиноти истехсоли беш аз 7 миллиард сомони сармоягузори шудааст, ки нисбат ба соли 2000-ум 9 баробар зиед мебошад. Дар солхои оянда иктидори сохаи сохтмон бояд ба таври назаррас афзоиш ёбад.

Дар натичаи мухокимаи парлумони изхори бовари карда шуд, ки вазифахои гузоштаи Президенти Точикистон бечунучаро ичро карда мешаванд.
Аксхо: мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон