Дар Тоҷикистон марказҳои боркашии маҳсулоти хоҷагии қишлоқ сохта мешаванд
Дар чорчӯбаи нақшаи “Баланд бардоштани рушди хоҷагии қишлоқ” 3 маркази боркашии маҳсулоти хоҷагии қишлоқ тарҳрезӣ шудааст. Яке аз ин марказҳо дар шаҳри Душанбе, дуи дигар дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон аз рӯйи маблағгузории иловагӣ ба истифода дода мешавад. Ҳамчунин дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ва маркази вилояти худмухтори Бадахшони Куҳӣ, низ 2 маркази дигар сохта мешавад.
Барои сохтани 3 маркази боркашии маҳсулоти хоҷагии қишлоқ замини алоҳида ҷудо карда шудааст, ки ҷавобгӯйи стандарти ҷаҳонӣ мебошанд. Сохтани биноҳо аз моҳи июни соли 2024 оғоз хоҳад шуд