Дар Бохтар корхонаи коркарди партовхои пластики сохта мешавад. Дар ин бора раиси шахр Абдумачид Муминзод дар нишасти матбуоти, ки 1 август баргузор шуд, хабар дод. Арзиши лоиха 1 миллион долларро ташкил медихад.

Масъалаи партовгоххо муддати тулони хеле шадид аст. Тавре ки дар «корхонаи Коммунали»-и Бохтар изхор доштанд, дар шахр мошинхои партов ва дигар техникаи махсус намерасанд, бинобар ин корхона хачми зиёди партовхоро идора намуда наметавонад ва онро ба партовгохи шахр бурда наметавонад.
Тибки тахлили гузаронидашуда, 50% партовхо махз пластики мебошанд, ки ба экологияи кишвар зарари калон мерасонанд. Аз ин ру, карор шуд, ки як корхонаи махсуси коркарди ин махсулот сохта шавад, ки вазъро сабук намояд. Хамчунин, раиси Бохтар илова намуд, ки макомоти ичроия аллакай лоихахои иловагии сохтмони корхонахоро барраси мекунад, ки дигар намудхои партовхоро коркард мекунанд.
Аксхо: аз манбаъхои кушода