Дар Узбекистон идентификатсияи биометрии (Face-ID) хангоми пешниходи хизматрасонихои давлати чори карда мешавад — ИА Караван Инфо
Дар Узбекистон идентификатсияи биометрии (Face-ID) хангоми пешниходи хизматрасонихои давлати чори карда мешавад

Узбекистон ният дорад, ки усули муайянкунии биометрикии шахсияти (Face-ID) — ро хангоми хизматрасонии давлати то охири соли 2024 чори намояд. Ин навовари дар доираи фармони Президенти мамлакат аз 24 май амали карда мешавад.

Тибки коидахои нав, хангоми истифодаи Face-ID аз шахрвандон талаб карда намешавад, ки хуччатхои тасдиккунандаи шахсияти худро пешниход кунанд.

Аз аввали мохи июл имкони муайян кардани шахрвандон тавассути ID-и мобили дар асоси як ариза хангоми додани корти ID ва шиносномаи биометри, барои сафар ба хорича дар марказхои хизматрасонии давлати амал мекунад.

Дар фармон хамчунин пешбини шудааст, ки идентификатсияи ибтидои ва такрори дар Mobile-ID дар марказхои хизматрасонии давлати ва идорахои нотариали ройгон сурат мегирад. Ин тагйирот ба соддагардонии раванди дарёфти хизматрасонихои давлати ва баланд бардоштани рохати шахрвандон нигаронида шудааст.

error: