Мохи май вазири сармоягузори, саноат ва савдои Чумхурии Узбекистон Лазиз Кудратов дар чаласаи ифтитохии Хазинаи сармоягузории Туркия, ки дар Касри Долмабахчеи Истанбул баргузор шуд, ширкат кард.
Дар чорабини хамкорон аз Туркия, Озарбойчон ва Казокистон низ ширкат доштанд. Президенти Фонд Багдод Амреев саривактии таъсиси Фонд ва ахамияти онро, барои тавсеаи минбаъдаи хамкорихои боэътимоди сармоягузори ва иктисодии кишвархо кайд кард.

Интизор меравад, ки вазифахои сохтори нав маблаггузории самараноки лоихахои нав дар сохахои наклиёт, энергетика, сайёхи, IT, рушди инноватсиони ва дигар самтхои афзалиятнокро дар бар мегирад.
Лазиз Кудратов дар навбати худ кайд кард, ки таъсиси Фонди сармоягузории турки барои хамкорихои кишвархои турк уфукхои нав мекушояд. Вай хамчунин изхори умедвори кард, ки талошхои муштарак ва ташаббусхои сармоягузорие, ки бо мусоидати Фонд амали мешаванд, манфиатхои баробар ба даст оварда, ба рушди иктисод ва бехбуди некуахволии шахрвандони кишвархои – иштирокчи мусоидат мекунанд.
Дар рафти чорабини чонибхо оид ба фаъолияти Фонд як катор карорхои маъмури кабул карданд, аз чумла таъини намояндагон ба Шурои директорон, тартиби пардохти музди мехнат ва ротатсияи рохбарият ва кормандон. Тартиби тахияи санадхои хукукии дохили низ муайян гардида, самтхои мухими фаъолияти Фонд мавриди барраси карор гирифтанд.
Дар натичаи вохури раванди кабули карорхои муштарак тахия гардида, ташаббусхои тачрибавии лоихави муайян карда шуданд.