Хамкории Туркия ва Узбекистон дар сохаи тухмипарвари — ИА Караван Инфо
Хамкории Туркия ва Узбекистон дар сохаи тухмипарвари

Дар доираи сафари расмии Президенти Чумхурии Узбекистон Шавкат Мирзиеев ба Туркия, Вазири кишоварзи Иброхим Абдурахмонов бо рохбарони ширкатхои бузурги аграрии Туркия мулокот намуд.

Аз чумла, мулокот бо рохбарияти ассотсиатсияи Истехсолкунандагони тухмии Туркия баргузор гардид. Дар огози мулокот рохбарияти ассотсиатсия ба Иброхим Абдурахмонов изхори сипос намуда, таъкид карда шуд, ки хамкории байни давлатхо дар тухмипарвари дар солхои охир хеле густариш ефтааст.

Дар навбати худ, Иброхим Абдурахмонов хабар дод, ки дар Узбекистон корхо оид ба тагйир додани системаи тухмипарвари идома доранд. Вазир кайд намуд, ки бо агентии Туркия оид ба хамкори ва хамохангсози (TIKA) лоихахои хамкори дар сохаи тухмипарвари тахия шуда, корхои амали оид ба ташкили гурухи кори барои татбики онхо идома доранд.

Дар вохури рохбарияти ассотсиатсияи истехсолкунандагони тухмии Туркия дар бораи тачриба ва натичахои истехсоли тухми дар Туркия маълумоти муфассал дод. Онхо хамчунин омодагии худро барои хамкори бо Узбекистон дар парвариши на танхо тухмихои растани, балки тухмихои меваю сабзавот низ изхор намуданд.

error: