Хайати Узбекистон бо сарварии хокими Вилояти Бухоро Бот Зарипов дар доираи сафари кори ба Русия ташриф овард. Дар рузхои аввали сафар, хайат бо фаъолияти минтакаи махсуси иктисодии Алга дар Чумхурии Башкортостан шинос шуд.

Дар охири соли 2023 дар доираи рейтинги миллии чолибияти сармоягузории минтакахои махсуси иктисодии Русия, ОЭЗ «Алга» бехтарин дар категорияи ивазкунандаи воридот эътироф карда шуд.
Зимни сафар рафти ислохоти васеъмикёс дар тамоми сохахои Узбекистон мавриди барраси карор гирифта, иктидори сармоягузори ва имкониятхои вилояти Бухоро муаррифи гардид. Дар натичаи гуфтушунидхо байни кластери пахта ва нассочии Узбекистон ЧДММ «Бухоро Агрокластер» ва корхонаи русии «Олтин Солок» оид ба рохандозии хамкори дар сохаи занбури асалпарвари созишномаи пешаки ба даст омад.

Ботир Зарипов дар Уфа бо раиси Чумхурии Бошкирдистон Радий Хабиров низ мулокот кард. Дар мулокот масъалахои густариши робитахои вилояти Бухоро ва Чумхурии Бошкирдистон дар сохахои тичорату иктисод, сармоягузори, ичтимои, фарханги, сайёхи, кишоварзи ва дигар сохахо, ки ба рушди хамкорихои амалии байниминтакави нигаронида шудаанд, барраси шуданд.
Ради Хабиров кайд намуд, ки миёни Бошкирдистон ва Узбекистон равобити дустонаи дерина вучуд дорад.
«Мо Бухороро хамчун шахри туристи медонем. Ин шохасари Узбекистон аст. Дар баробари ин Бухоро хам нохияи саноати мебошад. Шумо коркарди нефт, корхонахои саноати, хочагии кишлокро таракки додаед ва мо омодаем, ки бо шумо дар ин сохахо хамкори кунем», — кайд кард Р. Хабиров.
Сарвари Бошкирдистон хамчунин ахамияти хамкори дар сохаи сайёхи кайд кард. Аз чумла зикр гардид, ки се сол пеш аз Уфа ба Самарканд парвози мустаким кушода шуда буд.
Ботир Зарипов дар навбати худ пешниход кард, ки дар каламрави Бошкирдистон ба сохибкорони узбек барои парвариши махсулоти кишоварзи ва татбики лоихахои чорводори китъахои замин чудо карда шавад. Махсулот ба бозори Узбекистон содир карда мешавад..
Радий Хабиров ин таклифро маъкул дониста, изхор намуд, ки тайёр аст барои ин максадхо дар Бошкирдистон то 10 хазор гектар замин чудо кунад. Дар натича, дар бораи ба ЧДММ «Бухоро Агрокластер» ба ичора додани нух хазор гектар замини кишоварзи барои кластери пахта ва нассочи тавофук хосил шуд.
Сурат: Хадамоти матбуоти Сарвари Чумхурии Бошкирдистон