Хукумати Казокистон конунхои НАВИ ВАО-ро кабул намуд — ИА Караван Инфо
Хукумати Казокистон конунхои НАВИ ВАО-ро кабул намуд

Санаи 6 июн дар Сенати Чумхурии Казокистон конунхо дар бораи массмедиа, дар бораи ворид намудани тагйиру иловахо ба баъзе санадхои конунгузории Чумхури оид ба масъалахои массмедиа ва дар бораи ворид намудани тагйирот ба Кодекси хукуквайронкунихои маъмури оид ба масъалахои массмедиа дар ду хониш барраси ва кабул намуда шуданд.

Дар конунхои нав меъерхо барои механизмхои маблаггузории сиесати иттилоотии давлати тавассути додани грантхо ба воситахои ахбори оммаи гайридавлати пешбини шудаанд. Маблаггузории иловаги барои рушд ва пешбурди мундаричаи ватани зарур аст. Инчунин мухлати даъвои рузноманигорон то як сол ва мухлати посух ба дархостхои ВАО то 5 руз кохиш дода шуд.

Тагйироти нав афзоиши хачми барномахои телевизиони ва радиоиро бо забони давлати аз 50% то 60%, бо афзоиши мархила ба мархила дар хар ду сол пешбини мекунад. Инчунин афзоиши шумораи асархои ватании муаллифон ва ичрокунандагони казокистони дар шабакахои телевизиони ва радиои ватани аз 50% то 60% ба накша гирифта шудааст.

Илова бар ин, конунхои кабулшуда пахн намудани маълумот дар бораи тарзи худкуши ва даъват ба худкуширо манъ мекунанд. Назорати пахши шабакахои телевизиони ва радиои давлати дар наклиети чамъияти аз чониби макомоти ичроияи махалли пешбини шудааст.

Бояд кайд намуд, ки дар ислохоти нав ба конунхо ва кодексхо истифодаи истилохи «медиа» ба чои «васоити ахбори омма» чори намуда шудааст. Ин тагирот як кадам ба суи тахияи нави система ва мачмуи технологияхоест, ки интикол ва пахнкунии иттилоотро дар чахони муосир таъмин мекунанд.

error: