Вазири мудофиаи Казокистон Руслан Жаксиликов хайатеро рохбари намуд, ки ба бузургтарин намоишгохи байналмилалии технологияхои мудофиавии IDEX ва NAVDEX-2025 дар Абу-Даби ташриф овард. Намояндагони казокистон бо намунахои нави силох ва техникаи харби, ки аз чониби ширкатхои пешрафтаи чахони пешниход шудаанд, шинос шуданд.

Дар доираи чорабини, рохбари идораи мудофиа бо муовини сарвазир ва вазири мудофиаи АМА шайх Хамдан ибни Мухаммад Ал Мактум мулокот намуд. Чонибхо дурнамои хамкорихои низомиро барраси намуда, омодагии худро барои рушди шарики дар сохаи технологияхои мудофиа тасдик намуданд.
Жаксиликов инчунин бо рохбарони бузургтарин истехсолкунандагони махсулоти мудофиави, ки ба васеъ намудани хамкори бо Казокистон манфиатдоранд, гуфтушунид намуд. Имкониятхои мубодилаи технология ва татбики лоихахои муштарак дар саноати харби мухокима намуда шуданд.
IDEX ва NAVDEX-2025 тахти сарпарастии президенти АМА баргузор мешаванд ва яке аз намоишгоххои пешрафтаи чахони дар сохаи мудофиа мебошанд. Имсол дар он зиёда аз 1500 ширкат аз 65 кишвар ширкат варзида, тахаввулоти пешрафта ва халли инноватсионии амният ва мудофиаро муаррифи намуданд.
Сурат: МО ЧК