Киргизистон хамкорихоро бо Созмони Байналмилалии Мухочират таквият медихад — ИА Караван Инфо
Киргизистон хамкорихоро бо Созмони Байналмилалии Мухочират таквият медихад

Хайати Чумхурии Киргизистон тахти рохбарии муовини раиси Девони Вазирон Эдил Байсалов дар Женева бо директори генералии Созмони байналмилалии мухочират (СБМ) Эми Поп мулокот анчом дод.

Чонибхо авлавиятхои мухочират барои Киргизистон, аз чумла чолишхои глобалии марбут ба вазъиятхои пас аз низоъ ва тагирёбии иклим ва таъсири онхо ба кишварро барраси намуданд.

Дар натичаи ин мулокот дар мавриди тахкими хамкорихои Киргизистону СБМ дар заминаи хифзи хукуки мухочирони кори тавассути ичрои тарху барномахои мухталиф тавофук хосил шуд. Чонибхо хамчунин ба мувофика расиданд, ки имкони кори муштаракро дар чахорчубаи дидгохи раиси Чумхури Садир Жапаров оид ба рушди устувори минтакахои кухи дар шароити тагйири иклими чахони омузанд. Ин икдомхо шарикии Киргизистонро бо СБМ тахким бахшида, ба халли муассиртари мушкилоти мубрами сохаи мухочирати байналмилали мусоидат мекунанд.

Акс: Сомонаи расмии Девони Вазирони Чумхурии Киргизистон

error: