Президенти Чумхурии Киргизистон Садир Чапаров дар маросими имзои Созишнома байни Хукуматхои Чумхурии Мардумии Хитой, Чумхурии Киргизистон ва Чумхурии Узбекистон оид ба сохтмони рохи охани Хитой- Киргизистон- Узбекистон тавассути алокаи онлайн иштирок намуд.

«Ин лоиха чузъи мухими ташаббуси Маъруфи «Як камарбанд – як рох» хохад буд. Бояд кайд намуд, ки рохи охани зерин Хитой ва Кишвархои Осиеи Марказиро мепайвандад ва минбаъд хатсайрхои нави наклиетро ба Кишвархои Аврупо ва Халичи Форс боз мекунад. Ва, бешубха, ба хамкорихои тичоративу иктисодии байни кишвархои мо таъсири хамачонибаи мусбат хохад дошт», — кайд намуд Президенти Киргизистон.
Дар маросими бевоситаи имзои Созишнома Вазири наклиет ва коммуникатсияи Чумхурии Киргизистон Тилек Текебаев, ки бо сафари кори дар Пекин буд, инчунин раиси кумитаи Давлатии рушд ва ислохоти Чумхурии Мардумии Хитой ва Вазири наклиети Чумхурии Узбекистон иштирок намуданд.
Татбики лоихаи мазкур ба давлатхои Осиеи Маркази имкон медихад, ки ба бозори байналмилали ворид шуда, макоми минтакаро баланд бардоранд. Интикол аз Осиеи Шарки ба Кишвархои Аврупои Чануби 900 километр кохиш меебад. Интизор меравад, ки бояд хачми боркашони зиед шавад, зеро вакти интикол хеле кам мешавад.
«Имзои созишнома байни хукуматхои Хитой, Киргизистон, Узбекистон дар бораи хамкори дар пешбурди якчояи лоихаи рохи охани» Хитой-Киргизистон-Узбекистон » руйдоди таърихи ва мухим аст. Бо шарофати азми сиесии Президенти Киргизистон Садир Жапаров ва рохбарони ду кишвар (Хитой ва Узбекистон), раванди гуфтушунид ба анчом расид, асосноккунии техники-иктисоди тахия намуда шуд ва фаъолиятхои амали оид ба татбики лоиха огоз ефт», гуфт Тилек Текебаев.