Москва накша дорад дар Порт-Судон як маркази логистики боз кунад — ИА Караван Инфо
Москва накша дорад дар Порт-Судон як маркази логистики боз кунад

Раиси Федератсияи Русия Владимир Путин ва муовини раиси Шурои мустакили гузариши Судон Малик Агар накша доранд, хамкорихои низоми, аз чумла ифтитохи эхтимолии маркази логистикии Русия дар Порт-Судон дар Бахри Сурхро дар ояндаи наздик барраси кунанд.

Якчоя бо Малик Агар вазирони молия, истихрочи маъдан ва корхои хоричии Судон вориди Русия мешаванд. Илова бар ин, намояндагони Судон накша доранд дар чараёни як сафари расми аз Форуми байналмилалии иктисодии Санкт-Петербург (ПМЭФ) дидан кунанд.

Коршиносони очонси бар ин назаранд, ки тавофуки Русия ва Судон дар равобити ин кишвархо тагйироти чидди хохад овард. Мохи марти соли чори Али Содик Али, вазири умури хоричии Судон гуфта буд, ки тавофук дар бораи таъсиси пойгохи дарёии Русия дар Судон пас аз интихобот дар порлумони нав барраси хохад шуд.

«Ин масъала барои давлати мо хеле мухим аст ва мо интизори вокуниши мусбати парлумон хастем», — таъкид кард вазир.

Тахмин меравад, ки тавофуки ду кишвар метавонад боиси густариши хамкорихои низоми ва хамчунин ба вазъи сиёсии минтака таъсир расонад. Музокироти расмии рахбарони ду кишвар ваъда медихад, ки як руйдоди калиди дар арсаи равобити низомиву сиёсии Русия ва Судон хохад шуд.

Сурат: Reuters

error: