Санаи 11 июн Президенти Чумхурии Точикистон Мухтарам Эмомали Рахмон дар доираи конфронси Сеюми Байналмилали оид ба дахсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солхои 2018-2028» бо Муовини дабири кулли СММ оид ба масъалахои иктисоди ва ичтимои Ли Чунхуа мулокот кард.

«Ба шарофати хамкории самараноки Точикистон ва Созмони Милали Муттахид, бахусус бо Бюрои шумо, ташаббусхои мо дар арсаи байналмилали дастгирии васеъ пайдо карданд. Кабули дах катънома дар бораи об ва иклим аз чониби Ассамблеяи Генерали ин суханонро тасдик мекунад», — кайд намуд Эмомали Рахмон.

Дар мулокот масъалахои хамкории дучонибаи Точикистон бо ниходхои СММ, инчунин масъалахои иклим, аз чумла обшавии пиряххо, тагйиребии иклим, хифзи мухити зист ва баланд бардоштани истехсоли «энергияи сабз»барраси шуданд.
Омодаги ба хамкори дар сохаи ракамисози, дар сохахои илм ва маориф, тандурусти, фарханг ва хифзи ичтимоии ахоли изхор карда шуд.

Иштирокчиени мулокот таъкид намуданд, ки Точикистон кушишхои Бюрои Созмони Милали Муттахидро оид ба масъалахои иктисоди ва ичтимои дар самти тахкими хамкорихои бисерчониба дар сохаи илм, технология ва инноватсия чихати расидан ба Хадафхои рушди устувор дастгири менамояд.

Инчунин чонибхо кабули ташаббусхои глобалиро, ба монанди эълони соли 2025 «Соли Байналмилалии хифзи пиряххо» ва инчунин таъсиси «Фонди байналмилалии максаднок оид ба хифзи пиряххо» барраси намуданд.
Аксхо: Хадамоти Матбуоти Президенти Чумхурии Точикистон