Корманди пешбари Хадамоти Антарктикаи Бритониё Луиза Сайм таъкид кард, ки майдони яхи бахр хатто дар ду дахсолаи оянда баркарор нахохад шуд. Ин тагирот ба обу хавои махалли ва чахони, инчунин ба олами хайвоноти Антарктида, аз чумла китхо ва пингвинхо таъсири назаррас хохад дошт.

Инчунин, хисобхои олимон нишон медиханд, ки тагйироти дарозмуддат дар кабати яхбандии Антарктида ногузир аст. Майдонхои яхи бахр, ки дар соли 2023 нопадид шудаанд, хатто пас аз дахсолахо барнамегарданд. Ин метавонад боиси тагйироти кулли дар иклим, обу хаво ва экосистемахои минтакахои чанубии Замин гардад.
Обшавии яхи Антарктида на танхо тагирёбии иклимро инъикос мекунад, балки чахонро дар хифзи гуногунии биологи ва устувории системахои табиии сайёраи мо бо мушкилоти чидди рубару мекунад.