Орсен Жаканбоев обанборҳои Қазоқистонро санҷиш кард
Раиси Кумитаи хоҷагии оби Вазорати захираҳои обӣ ва обёрии Ҷумҳурии Қазоқистон Арсен Жаканбоев дар охири моҳи март бо кори 1 қатор обанборе, ки дар ҳавзаи дарёи Тоболи вилояти Кустанай ҷойгир шуда аст, шинос шуд.
“Асосан вазъ дар шуъбаи иншоотҳо муътадил буда, зери назорат қарор дорад. Дар ҳолати афзойиш ёфтани ҷараёни оби сел дар иншоотҳои асосӣ, мутобиқи дастурамали кории ин соҳа назорат карда мешаванд”, — гуфт А. Жаканбоев.
Мутобиқи хабари маркази матбуоти Вазорати захираҳои обӣ, аз обанбоҳо мувофиқи реҷаи қабулшуда, обпартойӣ иҷро шуда истодааст. Дар ҳафтаи гузашта, бо шарофати кори мутахассисони “Хоҷагии об”-и вилояти Кустанай аз девори обанбори Албарбогет хавфи зери об мондани маҳаллаи Кокалат бартараф карда шуд