Санаи 6 июн Президенти Чумхурии Киргизистон Садир Жапаров Сарвазири Хиндустон Нарендра Модиро бо пирузи дар интихоботи умумии парлумони табрик гуфт.

Хадамоти матбуоти Президенти Чумхури табрикоти расмиро нашр намуд:
«Аз номи Халки Чумхурии Киргизистон ва шахсан аз чониби худ бо пирузии паймони миллии демократи дар интихоботи умумии парлумони самимона табрик мегуям.
Ин дастовард далели сифатхои рохбарии шумо, эътимоди мардуми хиндустон ба шумо ва афзоиши накши Хиндустон дар чахон тахти рохбарии шумост. Кайд намудани муколамаи фаъол ва хамкории зич дар сохахои сиеси, тичоратию иктисоди ва фархангию гуманитари байни кишвархои мо, инчунин дар доираи созмонхои байналмилали хуш аст».
Гайр аз ин, Садир Жапаров ба Сарвазири Хиндустон саломатии кави ва муваффакият дар фаъолияти давлати ва ба мардуми Хиндустон сулх ва шукуфои орзу намуд.
Аксхо: Вазорати корхои хоричии Киргизистон