Санаи 10 июн дар касри миллат дар Душанбе мулокоти Президенти Чумхурии Точикистон Мухтарам Эмомали Рахмон бо узви Раесати Босния ва Герсеговина Желку Свиянович баргузор гардид. Ин ходиса дар доираи конфронси Сеюми Байналмилали оид ба дахсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солхои 2018-2028» рух дод.

Дар вохури чонибхо масъалахои мубрами тагйиребии иклим, ташаббусхои байналмилали оид ба халли мушкилоти захирахои об ва дигар масъалахои глобалии дар назди чахон карордоштаро барраси намуданд.
Президент Эмомали Рахмон барои дастгирии ташаббусхои глобалии Точикистон дар сохаи об ва иклим аз чониби Босния ва Герсеговина изхори сипос намуда, ахамияти идомаи рушди муносибатхои дустона ва мутакобилан судманди ду кишварро кайд намуд.
Илова бар ин, густариши хамкори дар иктисодиет, савдо, сармоягузори, энергетика, маориф, фарханг ва сайехи барраси намуда шуд. Чонибхо сатхи баланди хамкориро дар доираи созмонхои байналмилали ва минтакави таъкид карда, нияти тахким ва рушди хамкорихои байни кишвархоро дар оянда изхор намуданд.
Аксхо: сомонаи Расмии Президенти Чумхурии Точикистон