Санаи 10 июн дар доираи конфронси сеюми байналмилали оид ба дахсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солхои 2018-2028» Президенти Точикистон Мухтарам Эмомали Рахмон бо Директори Генералии СММ оид ба маориф, илм ва фарханг (ЮНЕСКО) Одри Азуле мулокот намуд.

Дар вохури масъалахои хамкории дучониба дар сохахои гуногун, аз чумла илм ва фарханг барраси шуданд. Иштирокчиени музокирот дастовардхои Точикистонро дар сохахои номбаршуда кайд намуданд.

«Мо яке аз самтхои мухими хамкории Точикистону ЮНЕСКО дар сохаи хифзи мероси бойи табии ва фархангиро барраси намудем. Мо инчунин бо вазирони фарханг ва корхои хоричии Чумхурии Точикистон дар бораи ворид намудани номинатсияхои нави чониби Точикистон ба руйхати Мероси Чахонии ЮНЕСКО сухбат намудем», — таъкид намуд Раиси ЮНЕСКО».
Дар чараени мулокоти шахсии Мухтарам Эмомали Рахмон бо Одри Азул яке аз лоихахои ЮНЕСКО бо номи «Кам намудани осебпазирии ахоли дар Осиеи Маркази ба тахдиди обшавии пиряххо» барраси гардид.

«Ман ухдадорихо ва ташаббусхои неки Точикистонро дар сохаи об ва пиряххо, аз чумла баргузории конфронси сеюми байналмилали оид ба дахсолаи байналмилалии Амал» Об барои рушди устувор, солхои 2018-2028″ дар Душанбе истикбол ва бахои баланд медихам», — Гуфт Одри Азуле.
Аксхо: Хадамоти Матбуоти Президенти Чумхурии Точикистон