Дар чахорчубаи сафари давлатии раиси Чумхурии Точикистон Мухтарам Эмомали Рахмон ба Президенти Озарбойчон 14 санади нави хамкори ба имзо расид, хабар медихад дафтари матбуоти сарвари давлат. Аз чумла Эъломияи шарикии стратеги байни кишвархо ва созишномахо ва меморандумхои гуногуни хамкори дар сохахои мухочират, хифзи моликияти саноати, хифзи иттилооти техники, тичорати раками, технологияхои нав, хамкорихои илми ва дигар бахшхои мухим мебошанд.

Дар поёни маросими имзои санадхо нишасти матбуоти баргузор шуд, ки дар он сарони давлатхо натоичи музокиротро иброз доштанд.
Сафари давлатии раиси Чумхурии Точикистон ба Озарбойчон рузи 22 май огоз шуда, як кадами мухим дар рушди равобити дучониба ва тахкими хамкорихои ду кишвар аст.
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Точикистон