Хафтаи гузашта дар Остона чаласаи 5 — уми рохбарони вазорату идорахои давлатхои аъзои созмони Хамкории Шанхай оид ба хифзи мухити зист баргузор гардид.
Вазири экология, хифзи мухити зист ва тагйиребии иклими Чумхурии Узбекистон Азиз Абдухакимов низ дар машварат иштирок намуд.

Дар рафти чорабини оид ба вазъи кунуни ва дурнамои рушди хамкори дар сохаи хифзи мухити зисти давлатхои аъзои СХШ табодули афкор сурат гирифт. Хамчунин зарурати ичрои Накшаи татбики Консепсияи хамкории давлатхои аъзо дар сохаи хифзи мухити зист барои солхои 2025-2027 кайд карда шуд.
Чонибхо масъалахои татбики минбаъдаи Накшаи чорабинихоро оид ба гузаронидани соли экологияи СХШ дар соли 2024 барраси намуданд.

Дар натичаи мулокот вазирон ба Котиботи СХШ тавсия доданд, ки ду хуччати мухимро, барои баррасии навбати пешниход намоянд. Изхороти шурои сарони давлатхои аъзо дар бораи идоракунии самараноки партовхо ва Созишнома байни хукуматхои давлатхои аъзои СХШ дар бораи хамкори дар сохаи хифзи мухити зист.
Накшаи амалиети муштарак оид ба татбики Барномаи «Банди Сабз» — и СХШ барои солхои 2024-2026 бо ташаббуси Президенти Чумхурии Узбекистон Шавкат Мирзиеев тасдик карда шуд.
Илова бар ин, иштирокчиен равишхои Муштараки давлатхои аъзои СХШ-ро оид ба халли мушкилоти экологи, Накшаи татбики Консепсияи хамкории давлатхои аъзои СХШ-ро дар сохаи хифзи мухити зист барои солхои 2025-2027 тасдик намуданд.
Аксхо: хадамоти матбуоти СХШ