Русия то соли 2030 дар Тоҷикистон боз панҷ мактаби русӣ месозад — ИА Караван Инфо
Русия то соли 2030 дар Тоҷикистон боз панҷ мактаби русӣ месозад

04.09.24

акс: freepik.com

То соли 2030 Русия дар кишварҳои Осиёи Марказӣ 15 мактаби русӣ, аз ҷумла панҷ мактаби русӣ дар Тоҷикистон, 9 мактаб дар Қирғизистон ва як мактаби русӣ дар Туркманистон бунёд хоҳад кард.

Бино ба иттилоъи вазорати маорифи Федератсияи Русия, феълан дар мактабҳои русии Тоҷикистон 5,7 ҳазор хонанда таҳсил мекунанд. Дар назар аст, ки сохтмони боз панҷ мактаби нав 5000 нафари дигарро ба хониш ҷалб мекунад.

Илова бар ин дар ҷумҳурӣ Марказ барои бачагони болаёқат сохта мешавад. Қаблан хабар дода шуда буд, ки сохтмони он то охири соли 2024 оғоз мешавад. Ин иншоот дар назди мактаби русӣ-тоҷикии ба номи Юрий Гагарин дар Душанбе сохта мешавад. Холо барои тайёр кардани майдони сохтмон корҳо идома доранд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2022 дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода маросими ифтитоҳи ҳамин гуна панҷ мактаби миёна бо забони русӣ баргузор шуд. Дар маҷмӯъ дар Тоҷикистон 39 мактаб бо забони русӣ фаъолият мекунад, ки дар онҳо беш аз 27 ҳазор кӯдак таҳсил мекунанд. Илова бар ин, беш аз 160 мактаби омехтаи тоҷикӣ-русӣ низ мавҷуд аст, ки ҳудуди 70 ҳазор хонандаро фаро мегиранд.

error: