Русия Ва Чин дар рохи созишнома оид ба интиколи гази русия — ИА Караван Инфо
Русия Ва Чин дар рохи созишнома оид ба интиколи гази русия

Дар Кремл шубхае нест, ки Москва ва Пекин метавонанд созишномаро оид ба интиколи гази русия ба Чин ба имзо расонанд, гуфт котиби матбуоти Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Песков. У таъкид намуд, ки ихтилофоте, ки дар чараени гуфтушунидхо ва химояи манфиатхои хар як тараф ба вучуд меоянд, раванди мукаррари мебошанд.

«Ин комилан мукаррари аст, ки хар як тараф манфиатхои худро химоя мекунад. Музокирот идома хохад ефт, зеро иродаи сиесии рохбарияти ду кишвар барои ин вучуд дорад ва хамохангсозии масъалахои тичорати идома хохад ефт ва мо хеч шакке надорем, ки хама созишномахои зарури ба даст оварда мешаванд» Гуфт Дмитрий Песков дар сухбат бо хабарнигорон.

Котиби матбуоти Президенти Русия оиди Хабари Financial Times дар бораи он, ки дар чараени сафари Владимир Путин ба Чин чихати сохтмони лулаи гази «Сила Сибири — 2″мувофика карда нашудааст, шарх дод. Чин исрор кард, ки газро бо нарххои арзонтар харидори кунад ва инчунин хариди микдори ками молро афзалтар донист.

Д. Песков таъкид намуд, ки Русия ва Чин музокироти созандаро идома медиханд ва бовари ба он, ки кишвархо метавонанд ба созишномаи мутакобилан судманд ноил шаванд, бешубха боки мемонад. Харду чониб омодагии худро ба муколама нишон медиханд ва барои рафъи мушкилоти мавчуда барои таъмини устувори интиколи энергия кор мекунанд.

error: