Москва, 12 июли соли 2025 «АИ Караван Инфо». Вазири корхои хоричии Русия Сергей Лавров барои даври дуюми муколамаи стратеги бо ВКХ-и КНДР Тсой Сон Хи ба Вонсан омад.
Махз дар ин шахр даври дуюми муколамаи стратеги байни Русия ва КНДР баргузор мешавад.

Дар чараёни мулокот Пхенян дастгирии бечунучарои сиёсати Русияро оид ба химояи сохибихтиери ва тамомияти арзи тасдик намуда, таъкид намуд, ки муносибатхои ду кишвар ба сатхи хамкорихои пойдор расидаанд.
Тсой Сон Хи кайд намуд, ки сафари Лавров хохиши Москва ва Пхенянро барои амик намудани шарикии стратеги инъикос мекунад.
Ба таърихи муштарак диккати махсус дода шудааст: иштироки нерухои кореяи шимоли дар озод намудани вилояти Курск аз «сатхи баланди» хамкори байни кишвархо шаходат медихад ва сахифаи навро дар муносибатхои корея ва русия мекушояд.
Лавров инро «бародарии маглубнашаванда» номида, курбони ва кахрамонии чанговарони муштаракро таъкид намуд.
Мохи июни соли 2024 Русия ва КНДР шартномаи шарикии стратегии хамачонибаро имзо намуданд, ки дар сурати хамла ба яке аз кишвархо кумаки мутакобилаи низомиро пешбини мекунад. Ин шартнома робитахои харби-сиёсиро таквият медихад ва рухияи умумии муковимат ба фишори берунаро инъикос мекунад.
Муносибатхои Русия ва КНДР анъанави устувор боки мемонанд: Москва шарики мухими иктисодии Пхенян мебошад, ки сузишвори ва озукавори таъмин мекунад ва инчунин муколамаро дар форматхои байналмилали нигох медорад.
Мархилаи нави хамкори ахамияти афзояндаи стратегии хамкориро дар заминаи тагйирёбии шароити геополитики таъкид мекунад.
Хадамоти матбуоти вазорати КХ ФР