Сафири Точикистон дар Кувайт бо Директори Генералии нави ширкати Jazeera Airways афзоиши шумораи парвозхо миёни ин кишвархоро барраси кардааст — ИА Караван Инфо
Сафири Точикистон дар Кувайт бо Директори Генералии нави ширкати Jazeera Airways афзоиши шумораи парвозхо миёни ин кишвархоро барраси кардааст

Охири мохи май Сафири Чумхурии Точикистон дар Давлати Кувайт Зубайзода Зубайдулло бо директори нави генералии Jazeera Airways Бхаратан Пасупати мулокот анчом дод. Яке аз масъалахои аслии гуфтушунид дурнамои афзоиши шумори парвозхои ин ширкат дар масири Кувайт-Душанбе-Кувайт буд.

Шарикии стратегии Точикистону Кувайт дар сатхи авиатсия ахамияти рузафзун пайдо карда, ин мулокот як кадами дигар дар рушди хамкорихо дар ин самт буд. Иштироккунандагони гуфтушунид масъалаи дар оянда ба рох мондани боркашонии хавоии байни хар ду мамлакатро ба миён гузоштанд, ки ин барои инкишофи муносибатхои тичоратию иктисоди ахамияти чидди дорад.

Харду чониб омодагии худро барои хамкорихои минбаъда изхор доштанд.

Сурат: Вазорати корхои хоричии Точикистон

error: