Сардори Дафтари Вазирони Қирғизистон дурнамои рушди хоҷагии қишлоқи Ҷумҳуриро гуфта дод — ИА Караван Инфо
Сардори Дафтари Вазирони Қирғизистон дурнамои рушди хоҷагии қишлоқи Ҷумҳуриро гуфта дод

Раиси Дафтари Вазирон-Роҳбари дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Кирғизистон Оқилбек Жапаров дар ҷараёни баромади хеш, дар Анҷумани хоҷагии қишлоқ дар бораи пешбинии рушди соҳаи хоҷагии қишлоқи Ҷумҳурии Кирғизистон ва баланд бардоштани ин раванд дар минтақаи Осиё Марказиро ишора кард.

Аз рӯйи сухани А. Жапаров, то соли 2050 ҷамъяти Осиёи Марказӣ 27% зиёд хоҳад шуд, ки зарурати баланд бардоштани таъмини ғизо ва оби ошомиданӣ низ аз 35 то 50 % хоҳад расид. Раиси Дафтари Вазирон мушкили нубудани баромад ба баҳр, эҳтиёҷ ба захираҳои табии, кам ва дастрас набудан маблағгузорӣ ва таъсири сахти дигар шудани иқлими минтақаро баррасӣ намуд.

“Дар айни ҳол, об рагу пайванди аслии зандагӣ дар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Обу барқи сабз метавонад ва бояд, ки омили сарҷамъсоз дар Осиёи Марказӣ барои рушди мустаҳками давлатҳо шаванд”,-гуфт А. Жапаров.

Сиёсатмадор дар бораи дурнамои рушди иқтисоди Қирғизистон ҳаминро ишора кард, ки соли 2024 интизорӣ аз он даранд, ки ҳаҷми истеҳсоли мол (ВВП)-ро то 1,4 трлн. сум расонанд. Дар ҳақиқат суръати тараққиёт имрӯза то 6% мебошад. Ҳамчунин эшон ишора кард, ки интизорӣ дорем, ҳаҷми коркарди маҳсулоти хоҷагии қишлоқ аз ҳисоби растанипарварӣ (2,7%) ва ҷорводорӣ (2,2%), ҷамъ то 2, 8% расонида хоҳад шуд.

Мақсадҳои калидии Ҳукуматро А. Жапаров дар таъмини муътадили арзиши маводи ғизо мебинад. Ин амр барои ҳифзи шаҳрвандон дар баробари бесуботӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва дастарсӣ ба маҳсулоти хушсифати нархаш паст равона карда шуда аст

error: