Чонибхо хамкориро дар сохаи наклиёту логистика, татбики лоихахои чори ва дурнамои таъсиси корхонахои нави Казокистону Олмон барраси намуданд. Иштироккунандагони мачлис масъалахои нав кардани инфраструктураи анборхо ва таракки додани наклиёти рохи оханро дар чумхури мухокима намуданд.

«Хукумати Казокистон ният дорад, ки иктидори наклиётию логистикии кишварро то хадди имкон ошкор созад. Мо барои хамкори дар татбики лоихахои муштараки сармоягузори омодаем. Дар навбати худ, мо фазои устувор ва пешбинишавандаи сармоягузориро бо фарохам овардани шароити мусоид барои тичорати кафолат медихем», — кайд намуд Олжас Бектенов.
Тобиас Бартз, дар навбати худ, накши Казокистонро дар логистикаи чахони кайд намуда, ба кори муштарак изхори хавасманди кард. Хадафи аслии хамкори ин эчоди як занчири таъминот аз Аврупо ба Осиёи Маркази мебошад.
Ренус групп, дар руйхати яке аз бузургтарин ширкатхои логистикии чахон дар ТОП 25 ворид аст ва дорои шабакаи 70 терминал дар Аврупо мебошад.
Акс: Вебсайти расмии Rhenus Logistics