Хафтаи гузашта вазири рушди иктисод ва савдо Завкизода Завки Амин бо намояндаи минтакавии ширкати Changzhou EGing Photovoltaic Technology Co.,Ltd дар Осиёи Миёна Менг Ёнгфанг мулокот анчом дод.

Вазир дар бораи имкониятхои сармоягузории Точикистон ва имтиёзхои андозу маъмури барои таъсиси корхонахои саноати дар каламрави чумхури сухан гуфт. Сохахои ояндадоре, ки ба сармоягузории хоричи ниёз доранд ва дурнамои рушди онхо барраси шуданд.

Дар чараёни мулокот Ёддошти тафохум миёни Вазорати рушди иктисоди Точикистон ва ширкати Changzhou EGing Photovoltaic Technology Co.,Ltd ба имзо расид, ки тибки он имкони бунёди неругохи офтоби дар Минтакаи озоди иктисоди «Панч» (нохияи Чайхуни вилояти Хатлон) барраси мешавад.

Дар мархилаи аввали сохтмон бунёди як неругохи офтоби ба маблағи 150 миллион доллар бо иктидори 200 МВт дар майдони 250 гектар дар назар аст. Дар мачмуъ, ширкат мехохад дар чахор мархилаи сохтмони лоиха ба маблаги 1,5 миллиард доллар сармоягузори кунад.
Дар сурат: Вазорати тараккиёти иктисодиёт ва савдои РСС Точикистон