SpaceX бузургтарин мушаки чахонро партоб кард
Ширкати Тахиякунандаи SpaceX дар бораи бомуваффакият гузаронидани партоби чоруми озмоишии мушаки Starship, ки барои парвозхои хавопаймои ба Мох ва Марс пешбини шудааст, хабар дод. Пас аз ба итмом расидани як давр дар атрофи Замин, кишти бомуваффакият дар минтакаи укенуси Хинд фуруд омад.

Системаи мушакии такроран истифодашаванда аз киштии кайхонии Starship ва интиколдихандаи Super Heavy иборат аст. Баландии ин система аз 120 метр зиед аст, ки онро баландтарин мушаки чахон месозад. Super Heavy ду маротиба пуркувваттар аз мушаки вазнини Space Launch System (SLS) мебошад, ки онро NASA барои парвозхои хавопаймои ба Мох тахия мекунад.
Аксхо: SpaceX