Соли 2024 ба таксимоти махаллии хатмкунандагони донишгоххои тибби, ки бо фармоиши давлати тахсил менамуданд, гузашт. Ин равиш имкон дод, ки талаботи минтакави ба кадрхои тибби ба назар гирифта шавад ва самаранокии таксимот баланд бардошта шавад.

Аз 10 570 нафар хатмкунандагони соли чори 4 075 нафар (76%) ба муассисахои тиббии кишвар барои кор фиристода шуданд. Ин имкон дод, ки 84% норасоии мутахассисони тибби, алалхусус дар дехот (98%) пушонида шавад.
Барои такмили минбаъдаи системаи таксимот бастани шартномахои сечониба байни хатмкунандагони оянда, ташкилотхои тибби ва донишгоххо ба накша гирифта шудааст. Ин тачрибаомузи ва тахкими мутахассисонро дар махалхо таъмин мекунад. Инчунин, таквияти дастгирии ичтимоии мутахассисони чавон барои нигох доштани онхо дар системаи тандурусти ба накша гирифта шудааст.
Аксхо: Вазорати тандурустии ЧК