Дар мохи майи соли гузашта тамоюлхои таваррум дар Казокистон сустшавиро нишон доданд, маълумоти дахлдорро Бюрои омори миллии Агентии банакшагирии стратеги ва ислохот пешниход намуд. Таварруми мохона 0,4% — ро ташкил дод, ки дар он нархи молхои хуроквори 0,2% кохиш ефт, дар молхои гайрихуроквори афзоиши 0,5% ба кайд гирифта шуд ва хизматхои пулаки 1% гарон шуданд.

Бюро ба паст шудани нархи сабзавот, галладона, тухм ва равган ишора намуд. Аз чумла, нархи бодиринг 29%, карам 19,1% ва помидор 15,4% кохиш ефтааст. Аммо, болоравии нархи пиез, картошка, лаблабу ва сабзи мушохида шудааст.
Дар сохаи хизматрасонии манзилию коммунали тарофахо барои содироти партовхо, пардохт барои домофон ва неруи барк ба таври назаррас афзоиш ёфтанд ва дар кисмати минтакахо, таварруми баландтарини мохона дар пойтахти кишвар кайд намуда шуд, дар холе ки нишондихандаи пасттарин дар Вилояти Улитау ба кайд гирифта шуд.
Таварруми солона 8,5% — ро ташкил дод, афзоиши асосии нарххо дар вилоятхои Атирау ва Казокистони гарби ба кайд гирифта шуд.