Қазоқистон ва ИМА шарикии энергетикиро тасдиқ намуданд – ИА Караван Инфо
Қазоқистон ва ИМА шарикии энергетикиро тасдиқ намуданд

Остона, 5 ноябри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Вазири энергетикаи Қазоқистон Ерлан Аккенженов бо Вазири корҳои дохилӣ, раиси Шӯрои бартарияти энергетикии ИМА Даг Бергум дар майдонҳои форуми Байналмилалии энергетикии «ADIPEC-2025» дар АМА мулоқот намуд. Таваҷҷӯҳ ба таҳкими ҳамкориҳои муваффақонаи зиёда аз 30-сола бо ширкатҳои энергетикии Амрико нигаронида шудааст.

Ерлан Аккенженов таъкид намуд, ки ширкатҳои Амрикоӣ яке аз аввалин сармоягузороне буданд, ки ба иқтидори Қазоқистон бовар доштанд ва имрӯз шарикони калидӣ дар лоиҳаҳои барҷаста ба монанди Тенгиз, Карачаганак ва Кашаган мебошанд.

“Лоиҳаҳое, ки дар Қазоқистон амалӣ мешаванд, дороиҳои калидӣ дар портфели глобалии шарикони амрикоии мо мебошанд. Миқёси онҳо аҳамияти стратегии Қазоқистонро барои таъмини суботи энергетикии ҷаҳонӣ таъкид мекунад”, – қайд намуд Вазир.

Ҷонибҳо рафти татбиқи лоиҳаҳои бузурги муштарак ва нақшаҳои азхудкунии минбаъдаи конҳоро муҳокима намуданд.

Ба масъалаҳои интиқоли нафт, аз ҷумла таъмини кори устувор ва боэътимоди консорсиуми қубурҳои Каспий (КҚК) ҳамчун хатсайри асосии содиротӣ диққати махсус дода шуд.

Даг Бергам фазои сармоягузории Қазоқистонро баланд арзёбӣ намуд. Ба гуфтаи ӯ, намунаи беҳтарини ин кори бисёрсолаи ширкатҳои бузурги нафту гази амрико мебошад.

Вай инчунин таваҷҷӯҳи ҷониби амрикоро ба рушди лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи рақамикунонии соҳаи энергетика тасдиқ намуд.

Аксҳо: Вазорати энергетикаи ҶҚ

error: