![](https://caravan-info.pro/wp-content/uploads/2024/08/risunok14.png)
Мирзо Бекматов ходими давлатӣ, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, шахсияти шоиста дар шаҳру вилояти Кӯлоб, инсоне буданд, ки роҳбарияти олии давлат ва ҳукумат ӯро хуб мешинохтанду ҳурмату эҳтиром менамуданд.
Ин шахсияти номдор зодаи ноҳияи Шӯробод буда, баъди хатми мактаби муаллимтайёркунии шаҳри Кӯлоб, соли 1943 ба сафи армияи шӯравӣ пайваста, бар зидди фашизм меҷангад. Дар озод намудани Ҷумҳуриҳои Белоруссия, Украина, Латвия, Литва, Полша ва Германия фаъолона иштирок намуда, дар барқарор кардани бисёре аз шаҳрҳои дар давраи ҷанг харобшуда ширкати фаъол дошт.
Баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба зодгоҳ баргашта, аввал ба ҳайси омӯзгор, сипас ба ҳайси корманди ҳизбӣ ба халқу Ватан хизмати шоиста менамояд. Ӯ солҳои сол ҳамчун ходими давлатӣ, аз ҷумла ба сифати роҳбари аввали шаҳру ноҳияи Кӯлоб хизматҳои шоён намуда, дар ободонии диёри нозанини хеш саҳми босазо гузоштааст. Бегуфтугӯ он кас ҳамчун кадри маҳаллӣ, ҷавони босаводу бо заковат дар барқарор намудани соҳаҳои хоҷагии халқ дар шаҳру ноҳияи Кӯлоб заҳматҳои зиёде кашида, барои халқу давлат корҳои муҳим ва зиёдеро ба сомон расонидааст.
Саҳмашон ҳамчунин дар баланд бардоштани соҳаи маориф, тибу фарҳанг беҳамтост. Дар ин замина як мисол меорам, ки саҳму масъулиятнокии роҳбарро бармало мекунад. Як замон Театри шаҳри Кӯлоб дар пойтахт дар озмуни театрҳои халқии Тоҷикистон бо спектакли «Раиси сездаҳум» иштирок кард. Дар вақти ҷамъбасти озмун баҳсу мунозираҳои зиёд пеш омад ва доварон байни ду театр – Театри халқии Панҷакент ва Театри шаҳри Кӯлоб, ҷойи якумро муайян карда натавонистанд. Хулоса шуд, ки пас аз ду моҳ аз шаҳри Москва, аз Вазорати фарҳанги СССР намоянда омада, ин ду намоишномаро тамошо карда, баҳои сазовору ахирро мегузоранд. Театрҳо дар ин ду моҳ бояд тайёрӣ медиданд. Ҳунармандони Кӯлоб дар пойтахт боқӣ монданд ва таҳти сарварии фарзанди сарсупурдаи Кӯлоб, донандаи хуби санъат Қурбон Зардаков дар Театри опера ва балети шаҳри Душанбе машқ карда, дар меҳмонхонаи «Помир» меистоданд. Ҳамаи хароҷотро бо дастуру фармони роҳбари шаҳри Кӯлоб – Мирзо Бекматов, аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ таъмин мекарданд. Баъди ду моҳ намояндаҳои Москва ҷои якумро ба Театри Кӯлоб дода, таклиф карданд, ки намоишномаи «Раиси сездаҳум» дар Қасри Съездҳои Иттифоқи Шӯравӣ дар шаҳри Москва барои намояндагони ҳамаи ҷумҳуриҳои СССР намоиш дода шавад. Чунин ҳам шуд. Пас аз ин дастовард ба Театри халқии шаҳри Кӯлоб мақоми «Театри касбии давлати, мусиқӣ- мазҳакавӣ» дода шуд.
Умуман дар замони роҳбарии Мирзо Бекматов дар шаҳри Кӯлоб ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла санъат босуръат пеш мерафт.
Ҳеҷ аз хотирам намеравад, вақти роҳбарии он кас ман нав Институти хоҷагии қишлоқи шаҳри Душанберо хатм карда, дар колхози «Ленинград» – и шаҳри Кӯлоб ба ҳайси иқтисодчӣ ба кор даромадам. Баъди аъзои Ҳизби коммунист шуданам, бо ин устоди азизу гиромӣ аз наздиктар шинос шудам.
Як бартарии кори Мирзо Бекматович дастгириву раҳнамоии беғаразонаи ҷавонон ба ҳисоб мерафт. Эҳсос мекардам, ки ба ман таваҷҷӯҳи зиёд дорад ва борҳо гуфта буданд: «Ман дар симои ту, Абдуҷаббор, роҳбари ташаббускору ояндадорро мебинам. Бояд бештар омӯзиву илматро дар амал татбиқ намоӣ”. Ҳама талоши ман ба он равона шуда буд, ки аз маслиҳату раҳнамоиҳояшон берун наравам. Як махсусияти дигарашон истифода кардани тавонмандии ҳар корманди ояндадор буд. Масалан маро ҳамчун тарғибгари илму дониш дар байни ҷавонон тайёр менамуд. Ба мо имконият медод, ки аз ҳисоби Ҷамъияти “Дониш» дар назди мардум дар мавзӯъҳои гуногун маърӯза хонем ва ҳамин тавр ҳунари нутқ карданро, ки барои ҳар як хизматчии давлатӣ ва роҳбар бисёр муҳим аст, аз худ намоем.
Зимнан, Мирзо Бекматов ҳарчанд марди ҳалиму меҳрубон, дастгиру мададгори халқ буд, аммо дар кор бисёр устувору сахтгирӣ мекард. Ман аз устод хеле чизҳоро омӯхтам, чун аз соли 1970 то охирин нафасашон қариб бо ҳам будем. Ҳангоми таҷлили 2700- солагии Кӯлоб, ки ман раиси шаҳри Кӯлоб будам, он кас чун сутуни устуворе дар паҳлӯям қарор доштанд. Ёрии беғаразона ва холисонаи он касро пайваста эҳсос мекардем.
Мирзо Бекматов соли 1975 раиси Кумитаи назорати халқии собиқ вилояти Кӯлоб таъин мегардад. Он кас бо устоди азизам Ҳаким Бобоев, ки он солҳо раиси раёсати колхози «Ленинград»- ро ба зимма доштанд, дӯст ва рафиқи наздик буданд ва барои пешрафти хоҷагии мо пайваста ёрӣ мерасониданд. Бо ташаббус ва маслиҳатҳои Мирзо Бекматович хоҷагӣ аз миёнаи солҳои 70 бо техникаи пуриқтидори хоҷагиҳои қишлоқ муҷаҳҳаз гардида, қариб 70 – 80 фоизи пахтаи хоҷагиро бо мошинҳои пахтачинӣ ҷамъоварӣ менамуданд. Ин яке аз ташаббусҳои беназир дар байни хоҷагии қишлоқи кишвар ба ҳисоб мерафт ва хоҷагиҳои пахтакори шаҳри Кӯлоб ҳамеша парчамбардори хоҷагии қишлоқ буда, дар мудати кӯтоҳтар аз як моҳ аз иҷрои нақша хабар медоданд…
Ин марди хирадманду хоксору меҳрубон соҳиби оилаи намунавие ҳастанд, ки гуфтан мумкин назираш дар Тоҷикистон нест. Ҳамсари азизашон, муаллимаи гиромӣ Соҷида Аккалаева дар Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлоб шогирдони зиёдеро ба воя расонидаанд. Аз ҷумла, Шоирони халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, Муҳаммад Ғоиб, Салими Хатлонӣ, шоира Хосият Вализода ва шодравон Искандари Хатлонӣ, ҳамчунин чандин арбобони давлату сиёсат шогирдони муаллима мебошанд.
Мирзо Бекматов ҳамроҳи ҳамсари азизаш зиндагии ширинро пушти сар кардаанд. Ҳамаи фарзандонашон низ ҳамчун шахсиятҳои арзанда ба воя расида, барои халқу Ватан хизмат мекунанд. Яке аз онҳо Бозоралӣ Бекматов аст, ки баъди хатми факултаи иқтисодии Донишгоҳи миллӣ аввал дар хоҷагии мо ба ҳайси иқтисодчӣ кор кардааст ва аз ҷумлаи шогирди муваффақи инҷониб мебошад. Ӯ дар Вазорати молияи Тоҷикистон, Вазораи рушди иқтисоду савдои ҶТ ҳамчун мутахассиси ботаҷриба ва касбияти баланддошта ба халқу кишвараш хизмат карда, лоиқи унвони “Корманди шоистаи Тоҷикистон” гаштааст.
Дар ҳақиқат, оилаи Мирзо Бекматов на танҳо дар шаҳри Кӯлобу вилояти Хатлон, балки дар тамоми Тоҷикистон ҳамчун оилаи намунавӣ шинохт дорад. Борҳо ғолиби озмуни «Оилаи беҳтарин » гардиданд ва аз дасти Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диплом, ифтихорнома ва мукофотҳоро соҳиб шудаанд.
Мирзо Бекматов роҳбари асилу кордон буданд ва тариқи мақолаҳо дар нашрияҳои даврӣ таҷрибаву дониши худро ба дигарон меомӯзониданд, то баҳра гиранд. Беш аз сад матлабҳояшон дар нашрияву маҷаллаҳо нашр шудаанд. Асарҳои илмии ӯ «Ревком Назаров» ва «Аз таърихи ташакулёбии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Кӯлоб» дар шакли китоби алоҳида чоп шуда, тарғибгари ғояи ватандӯстиву ватанпарастӣ барои ҷавонон ва ҳамаи қишрҳои ҷомеа мебошанд.
Мирзо Бекматов солҳои ҷанги шаҳрвандӣ мавқеи устувори худро доштанд ва дар барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ ва сулҳу салоҳ дар Тоҷикистон саҳми босазои худро гузоштаанд.
Хулоса, он кас ҳамчун инсони хоксору халқдӯсту ятимпарвар бо дуои неки халқ умри дарози бобаракат дида, номи худро дар таърихи халқу миллати тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт намуданд.
Абдуҷаббор Зардиев, ходими давлатӣ,
Корманди Шоистаи Тоҷикистон, профессори фахрии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон.