Дар Душанбе намоишгохи Байналмилалии “Халли мушкилоти пиряххо” баргузор мешавад – ИА Караван Инфо
Дар Душанбе намоишгохи Байналмилалии "Халли мушкилоти пиряххо" баргузор мешавад

Дар доираи конфронси байналмилалии сатхи баланд оид ба хифзи пиряххо, ки 29-31 майи Соли 2025 дар Душанбе баргузор мешавад, баргузории намоишгохи Байналмилалии “Халли мушкилоти пиряххо” ба накша гирифта шудааст.

Максади асосии намоишгох чалби таваччух ба мушкилоти обшавии босуръати пиряххо, инчунин рушди хамкории байналмилалии илми дар сохаи тадкикот ва чори намудани технологияхои пешрафта барои хифзи онхо мебошад.

Интизор меравад, ки дар ин чорабини очонсихои СММ, созмонхои байналмилали ва миллии давлати ва гайрихукумати, институтхои молияви, намояндагони доирахои илми, бахши хусуси ва чомеаи шахрванди иштирок кунанд.

Санаи 14 декабри соли 2022 Ассамблеяи Генералии СММ дар ичлосияи 77-уми худ катъномаи “Соли 2025 – соли байналмилалии хифзи пиряххо” – ро, ки аз чониби Чумхурии Точикистон пешниход шуда буд, кабул намуд. Ин санад яке аз камтарин санадхои таърихи СММ гардид, ки хам рузи байналмилалии пиряххо ва хам соли байналмилалии хифзи пиряххоро эълон мекунад.

Ин ташаббуси Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон аз чониби 153 давлати узви СММ дастгири ёфт, ки ахамияти ташаббусхои точикистонро дар рузномаи чахони оид ба хифзи пиряххо, захирахои об ва устувории иклим тасдик менамояд.

Тибки катъномаи Ассамблеяи Генералии СММ мохи майи соли 2025 дар Душанбе конфронси байналмилалии сатхи баланд оид ба хифзи пиряххо баргузор мегардад. Хадафи он чалби таваччухи чомеаи чахони ба ахамияти пиряххо, мубориза бо обшавии босуръати онхо ва хамохангсозии талошхои чахони барои кам намудани окибатхои ин раванд тавассути хамкории байналмилали, навоварихои илми ва хамгироии сиёси мебошад.

Дар доираи конфронс, иштирокчиён масъалахои асосии хифзи пиряххоро дар чаласахои мавзуи, форумхо ва чорабинихои параллели мухокима намуда, роххои тахкими хамкорихои байналмилали ва тахияи чорахои муассирро барои хифзи пиряххои сайёра барраси хоханд намуд.

Конфронси Душанбе як кадами мухим дар самти таквияти хамкорихои глобали дар сохаи хифзи пиряххо ва захирахои об хохад буд.

АКСХО: аз манбаъхои кушода

error: