Дар Суғд лоиҳаҳои ҳамкорӣ бо Бонки осиёии рушд дар соҳаи туризм баррасӣ гардиданд – ИА Караван Инфо
Дар Суғд лоиҳаҳои ҳамкорӣ бо Бонки осиёии рушд дар соҳаи туризм баррасӣ гардиданд

Имрӯз раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо директори департаменти таъминоти об ва рушди шаҳрии Бонки осиёии рушд (БОР) Сринивас Сампат ва ҳайати ҳамроҳи ӯ мулоқот анҷом дод. Дар вохӯрӣ дурнамои рушди туризм дар минтақа ва аҳамияти ҳамкориҳои судманд барои баланд бардоштани ҷолибияти сайёҳии вилояти Суғд муҳокима гардиданд.

Раҷаббой Аҳмадзода зикр намуд, ки ба рушди туризм дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса дода мешавад, ки ин аз дастгирӣ ва ташаббусҳои президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад. Дар вилояти Суғд инфрасохтори муҳим барои туризм сохта шуда, ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ барқарор гардида, шароити мусоид барои қабули сайёҳон фароҳам оварда мешаванд. Дар айни ҳол дар минтақа 45 ширкати сайёҳӣ, 97 объекти хидматрасонии сайёҳӣ ва 24 меҳмонхона фаъолият доранд. Дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ ба воситаи гузаргоҳҳои марзӣ ба вилояти Суғд тақрибан 800 ҳазор меҳмони хориҷӣ ташриф овардаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 206 ҳазор нафар зиёдтар аст.

Сринивас Сампат барои пазироии гарм изҳори миннатдорӣ намуда, омодагии БОР-ро барои идомаи сармоягузорӣ ба рушди туризм дар минтақа тасдиқ кард. Дар мулоқот қайд гардид, ки барои таҳияи «Нақшаи куллии ҳамгироии рушди сайёҳии вилояти Суғд» бо ширкати машваратии «Киос» созишнома ба маблағи зиёда аз 1 миллион доллар ба имзо расидааст. Дар доираи ин лоиҳа рӯйхати 25 ташаббуси сармоягузорӣ, ки ба рушди ҳамаҷонибаи соҳаи сайёҳӣ дар минтақа равона шудаанд, таҳия гардидааст.

Иқтидори бойи вилояти Суғд имконият медиҳад, ки бахшҳои гуногуни туризм, аз ҷумла туризми кӯҳӣ, экологӣ, аграрӣ, саломатӣ ва фарҳангиву таърихӣ фаъолона рушд кунанд. Ҷонибҳо манфиатдории тарафайнро барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ изҳор намуда, аҳамияти ошноии ҳайат бо объектҳои сайёҳиву фарҳангии минтақаи Суғдро таъкид карданд.

Хадамоти матбуоти раиси Вилояти Суғд

error: