Душанбе Конфронси III-юми минтакавиро оид ба рушди устувори тахсилоти касби баргузор менамояд – ИА Караван Инфо
Душанбе Конфронси III-юми минтакавиро оид ба рушди устувори тахсилоти касби баргузор менамояд

Санаи 10-11 апрел дар Душанбе Конфронси III-юми илми-амали дар мавзуи “чанбахои Минтакавии рушди устувори тахсилоти касби: мушкилот ва дурнамо” баргузор мешавад. Дар ин бора дар маркази матбуотии Вазорати маориф ва илми Чумхурии Точикистон хабар дода шуд.

Ташкилкунандагони конфронс Вазорати маориф ва илми Чумхурии Точикистон ва лоихаи “тахсилоти Касби барои бахшхои рушди иктисоди дар Осиёи Маркази” (PECA) мебошанд, ки аз чониби Deutsche Gesellschaft Für Internationale Zusammenarbeit (giz) GmbH (чамъияти хамкории байналмилалии Олмон) бо супориши Хукумати Олмон амали намуда мешавад.

Дар чорабини зиёда аз 160 нафар мутахассисони сохаи маориф ва сохибкори аз Кишвархои Осиёи Маркази, аз чумла Точикистон, Узбекистон, Казокистон ва Киргизистон иштирок мекунанд.

Конфронс платформаи мубодилаи тачриба ва дониш байни коршиносони минтака ва шарикони онхо аз Иттиходи Аврупо бо максади таквияти хамкорихои байнисохави хохад буд. Инчунин мачмуаи электронии маколахои илми, ки натичахои тахкикоти зиеда аз 50 муаллифро дар бар мегирад, пешниход намуда мешавад.

Мавзуъхои асосии тадкикот иборатанд аз тахсилоти касби, тамоюлхои байналмилали ва милли дар сохаи маориф бо назардошти гузариш ба иктисоди “сабз”, хамкории муассисахои таълими бо бахши хусуси, ракамисозии тахсилоти касби ва таъмини сифати он.

Дар рузи дуюми конфронс барои иштирокчиен семинархо оид ба пешбурди инноватсия тавассути тахкикоти донишгохи, дастгирии тахсилот дар сохахои эчоди, рушди системаи мураббиги ва истифодаи зехни сунъи дар тахсилоти касби гузаронида мешаванд.

АКСХО: аз манбаъхои кушода

error: