Гардиши молҳои Қазоқистон бо кишварҳои СДТ аз 10 миллиард доллар зиёд шуд
Остона, 9 январи соли 2026-АИ «Караван Инфо». Гардиши молҳои Қазоқистон бо кишварҳои Созмони давлатҳои туркӣ (СДТ) дар 10 моҳи соли 2025 10,4 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дод. Дар ин бора муовини вазири иқтисоди миллӣ Асан Дарбаев дар ассамблеяи Генералии Иттиҳоди палатаҳои тиҷоратию саноатии туркӣ хабар дод.

Содироти Қазоқистон ба кишварҳои СДТ 17,1% афзоиш ёфта, ба 7,6 миллиард доллар расид, воридот 2,8 миллиард долларро ташкил дод. Салдои мусбати тавозуни савдо 4,8 миллиард доллар.
Афзоиш бо интиқоли мис, нафт, гандум, маҳсулоти нафтӣ, равғани офтобпараст ва маҳсулоти комплекси агросаноатӣ таъмин намуда шуд.
Аксҳо: Вазорати Иқтисоди ҶҚ
