Иқтисодиёти Тоҷикистон суръати баланди рушдро бо шарофати содирот ва истеъмоли дохилӣ нигоҳ медорад – ИА Караван Инфо
Иқтисодиёти Тоҷикистон суръати баланди рушдро бо шарофати содирот ва истеъмоли дохилӣ нигоҳ медорад

Иқтисодиёти Тоҷикистон суръати устувори рушдро нишон медиҳад, ки инро маълумоти баррасии макроиқтисодии моҳи октябри Бонки рушди АвруОсиё  тасдиқ мекунад.

Мутахассисон қайд мекунанд, ки омилҳои асосии дастгирии рушд истеъмоли дохилӣ ва содирот, махсусан металлҳо ва маҳсулоти нассоҷӣ мебошанд.

Дар давраи январ то август соли 2024 фурӯши чакана нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 ба 12,3% афзуда, ҳаҷми хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ 12,7% зиёд шудааст. Ин маълумотҳо ба рушди устувори савдо ва бахши хизматрасонӣ ишора мекунанд, ки аз афзоиши маош, аз ҷумла баландшавии маоши кормандони буҷавӣ аз 1 июли соли ҷорӣ, дастгирӣ меёбад.

Омили иловагӣ ин афзоиши ҳаҷми маблағҳои интиқолӣ мебошад, ки дар давраи ҳисоботӣ ба 52% зиёд шудааст. Содирот низ ба як омили муҳими рушд табдил ёфт: дар моҳҳои январ-август соли 2024 ҳаҷми содирот 45,5% афзоиш ёфтааст, ки асосан ба афзоиши фурӯши металлҳо ва маҳсулоти нассоҷӣ вобаста аст.

Ба гуфтаи таҳлилгарони Бонки рушди АвруОсиё, иқтисодиёти Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми сол низ суръати баланди рушдро нигоҳ хоҳад дошт ва дар поёни соли 2024 афзоиши 8,0% пешбинӣ мешавад.

Қаблан, Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд  пешбинӣ карда буд, ки дар соли 2025 ММД-и Тоҷикистон ба 7% афзоиш хоҳад ёфт, ки ин ба афзоиши сармоягузорӣ дар инфрасохтор ва талаботи дохилӣ вобаста аст.

Сурат: аз манбаъҳои кушода

error: