Душанбе, 06 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Вазорати корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҳамкорӣ бо Маркази Кеннеди конфронси тиҷоратӣ бахшида ба даҳсолагии платформаи дипломатии C5+1 баргузор менамояд. Дар ин бора Сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар дод.

Платформаи C5+1, ки соли 2015 таъсис ёфтааст, шакли устувори ҳамкории Иёлоти Муттаҳида бо панҷ кишвари Осиёи Марказӣ — Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон мебошад. Дар тӯли даҳ сол ин ташаббус ба абзори муҳими муколама ва ҳамкорӣ дар самтҳои амнияти минтақавӣ, рушди иқтисодӣ, энергетика, ҳифзи муҳити зист ва пайвастшавии минтақа табдил ёфтааст.
Дар доираи ин конфронс намояндагони баландпояи ҳукуматҳо ва доираҳои тиҷоратии кишварҳои минтақа ширкат хоҳанд варзид. Қисмати асосии барнома дискуссияи пленарии панелӣ бо роҳбарии муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау хоҳад буд, ки дар он масъалаҳои тавсеаи робитаҳои иқтисодӣ ва фарҳангии байни Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ мешаванд.
Ташкилкунандагон зикр менамоянд, ки ин чорабинӣ минбари таърихӣ барои таҳкими ҳамкориҳо байни бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва тақвияти рушди устувори иқтисодӣ дар минтақа хоҳад буд.
Платформаи C5+1 ҳамоно яке аз василаҳои муҳими ҳамгироии ИМА ва кишварҳои Осиёи Марказӣ барои ҳалли мушкилоти умум ва таҳкими субот ва шукуфоии оянда ба шумор меравад.
Интизор меравад, ки дар ҷараёни ҳамоиш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, бар аҳамияти густариши ҳамкорӣ дар самтҳои энергетика, нақлиёт, иқтисоди рақамӣ, ҳифзи муҳити зист ва таъмини амнияти минтақавӣ таъкид хоҳад кард.
Акс: Сафорати ИМА дар Тоҷикистон
