Аввалин саги полиси корги дар Чин бо номи Фу Тзай бо дастовардхои худ ва ходисаи ачибе, ки мавчи хамдардии шабакахои ичтимоиро ба вучуд овард, дар маркази диккат карор гирифт.

Фу Тзай мохи январи соли 2024, вакте ки у хамаги чор мох дошт, ба Бюрои амнияти чамъиятии шахри Вейфан, Музофоти Шандун дохил шуд. Бо сабаби хисси беназири буй ва кобилияти ошкор намудани маводи тарканда, у зуд узви ивазнашавандаи даста гардид. Аллакай дар мохи октябри хамон сол Фу Тзай макоми полиси комилхукукро гирифт.
Хадамоти харрузаи у тавассути хисоби Douyin дар шабакахои ичтимои фаъолона нашр мешуд, ки дар он блоги “саги Полис корги Фу Тзай ва хамсабакони у” зиёда аз 384 000 муштариро чамъ овард.
Дар аттестатсияи солона, афсарон Фу Тзайро барои сахмгузори дар таъмини амният ва маъруф намудани сагхои полис ситоиш намуданд ва уро бо гули сурх, тухфахо ва бозичахо мукофотониданд. Аммо дар гузориш як ходисаи ачибе зикр шудааст: саг дар чои кор хобида, ба косаи хуроки худ пешоб намуд.
Барои чазо, тухфахо ва бозичахои у мусодира намуда шуданд, ки ин боиси шарххои зиёде дар химояи Фу Тзай шуд. Яке аз корбарон кайд намуд: “у тамоми сол кор кард ва барои як хато чоизаро аз даст дод. Ин беадолатона аст!”
Бо хамдардии чамъияти, полис баъдтар видеоеро нашр намуд, ки дар он нишон дод, ки Фу Тзай барои соли нави камари мачмуи тухфахои саховатмандона гирифтааст.
Аксхо: аз манбаъхои кушода