Накши афзояндаи занон дар сохибкори ва бахши кишоварзии Точикистон: рох ба суи рушди устувор – ИА Караван Инфо
Накши афзояндаи занон дар сохибкори ва бахши кишоварзии Точикистон: рох ба суи рушди устувор

Душанбе, 11 август, – АИ «Караван инфо». Солхои охир дар Точикистон афзоиши назарраси занон – рохбарони хочагихо ва сохибкорон мушохида мешавад.

Тибки маълумоти 1 августи соли 2025, аз 181 220 рохбари хочагихо кариб 53 хазор занон мебошанд. Дар байни 375 133 субъекти фаъолияти хочагидори 108 656 зан мебошанд, ки нисбат ба хамин давраи соли 2024 760 нафар зиёд аст.

Ин маълумот дар нишасти Матбуотии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Хукумати Чумхурии Точикистон баён гардид.

Занон дар байни субъектхои сохибкори мавкеи намоёнро ишгол мекунанд ва аксарияти онхо ба сохибкории инфироди тамаркуз мекунанд.

“Занон дар Точикистон на танхо посбонони очаи оилави, балки истехсолкунандагони фаъоли махсулоти кишоварзи низ мебошанд. Бо фарохам овардани шароити мусоид ва дастгирии хамачониба, мо метавонем онхоро ба яке аз кабатхои асосии рушди устувори дехот табдил дихем” гуфт раиси Кумитаи занон ва оила Бунафша Файзиддинзода.

Дар шароити муосири рушди дехот ва таъмини амнияти озукавори накши занон дар идоракунии корхонахои кишоварзи сол аз сол меафзояд. Имруз занони Точикистон дар баробари мардон рохбарони фаъоли хочагихо, истехсолкунандагони ташаббускор ва навоварони сохаи истехсолоти аграри дар саросари кишвар мебошанд.

Тибки омор, шумораи занони сарварони хочаги мунтазам меафзояд. Занони сохибкор дар сохахои гуногуни иктисодиёт — саноати сабук, кишоварзи, сохаи хизматрасони, хунарманди, нонпази, сайёхи ва сохтмон бомуваффакият кор мекунанд. Фаъолияти онхо на танхо ба баланд бардоштани сатхи зиндагии худ, балки ба рушди иктисодиёти кишвар дар мачмуъ мусоидат намуда, чойхои нави кори фарохам оварда, вазъи ичтимоию иктисодии нохияхои дехотро бехтар менамояд.

Яке аз омилхои мухими дастгирии занон дар ин сохахо фарохам овардани шароити мусоиди хукуки, молияви ва таълими мебошад. Дар доираи барномахои давлатии рушди дехот ва бахши аграри курсхои махсуси омузиши оид ба идоракуни ва чори намудани технологияхои муосир дар байни занон гузаронида мешаванд.

Дастрасии занон ба карзхои хурд низ хар сол меафзояд. То 1 июли соли 2025 716 299 зан ба маблаги умумии беш аз 3,5 миллиард сомони карзхои хурд гирифтаанд, ки нисбат ба хамин давраи соли гузашта 177 375 нафар зиёд мебошад. Ин ба рушди сохибкории занон, баланд бардоштани хавасмандии онхо, тавонмандсозии бозори мехнат ва ба даст овардани баробарии гендери дар сохаи шугл мусоидат мекунад.

Бояд кайд намуд, ки дар мамлакат “Барномаи Давлатии рушди сохибкории занона дар Чумхурии Точикистон барои давраи то соли 2027” амал мекунад. Вазифахои асосии барнома дастгири ва рушди сохибкории занон, бехтар намудани фазои тичорати барои занон, чалби сармоягузори, афзоиши шумораи сохибкорони зан ва баланд бардоштани макоми иктисоди ва ичтимоии онхо мебошанд.

Фаъолияти занони сохибкор бо истифодаи бомуваффакияти маблагхои гранти тасдик намуда мешавад. Бо шарофати грантхои аз Чониби Президенти Точикистон чудошуда, занон чойхои нави кори таъсис дода, барои занону духтарони бекор омузиши касби таъмин менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки хачми грантхои Президенти Чумхурии Точикистон аз 120 грант ба маблаги 5 миллион сомони дар соли 2024 то 200 грант ба маблаги 15 миллион сомони дар соли 2025 афзоиш ёфта, яъне се баробар афзудааст. Аз соли 2025 то 2030 хамасола барои дастгири ва рушди сохибкории занон барои 200 зан-хунарманду сохибкор 15 миллион сомони грант чудо намуда мешавад.

Хамин тарик, рушди сохибкории занон ва густариши накши занон дар бахши аграри яке аз омилхои асосии рушди устувори ичтимоию иктисодии Точикистон мегардад.

АКСХО: аз манбаъхои кушода

error: