Кадрхои нодири соли 1912 нашр шуданд, ки дар онхо хона ва худи Кажимукан Мунайтпасов – гуштингири бузурги казок, ки ба муборизаи таърихии худ омодаги мебинад, сабт шудааст. Хроникаи пурра хифз нашудааст, аммо махз пас аз ин баромад батир унвони кахрамони чахонро ба даст оварда, номи худро ба таърихи варзиши чахони ворид намуд.

Дар дехаи Актобеи вилояти Туркистон, ки у дар он чо зиндаги менамуд, имруз осорхона фаъолият мекунад. Ин макон барои сайёхон ва дустдорони таърих як нуктаи вокеии чалб шудааст.
Дар давраи Чанги Бузурги Ватани Кажимукан дар канор намонда у баромадхои худро ба чамъоварии маблаг барои фронт бахшид ва хатто хавопайморо ба артиш тухфа намуд. Чемпиони чахон аз Шимкент Ермек Баудашов бо эхтиром кайд мекунад:
– Дастовардхои у ифтихори тамоми мардум аст. Вай намунаи часорат, кувват ва садокат ба ватани худ гардид.
Кажимукан Мунайтпасов казок күресро берун аз Казокистон шухрат бахшид, дар 54 кишвар баромад намуд ва 48 медал ба даст овард. Имрузхо кучахо, мактабхо ва мачмаахои варзиши, аз чумла стадиони калони Шимкент номи уро доранд. Мероси у таърихи зиндаи варзиши казок аст.
Аксхо: чорчуба аз видео