Соли 2024 чоизаи Парлумони Аврупо дар сохаи журналистикаи ба номи Дафна Каруана Галисия ба дастаи журналистони лоихаи Lost In Europe дода шуд, ки далелхои ташвишоварро дар бораи нопадид шудани даххо хазор кудакони мухочир дар Аврупо ошкор намуд. Лоихаро журналисти нидерланди Геесе ван Харен рохбари намуд.

Тибки тафтишот, аз соли 2021 хамаруза дар Аврупо ба хисоби миёна такрибан 47 кудаки мухочир нопадид мешаванд. Журналистон дар 31 кишвар, Аз Чумла Австрия, Олмон ва Италия номувофикатиро дар хуччатхо ва гузоришхо пайдо намуданд, ки боиси нигарони шуд, ки шумораи вокеии кудакони гумшуда метавонад боз хам зиёдтар бошад.
“Шумораи кудакони гумшуда аз 18,000 дар соли 2021 то имсол ба 51,433 расид. Мо намедонем, ки ин ракам чи гуна тагйир меёбад, агар мо пас аз чанд сол тафтишоти нав гузаронем” гуфт ван Харен.
Тадкикот нишон дод, ки бисёре аз кудакони гумшуда курбони кочоки одамон мешаванд ё ба гуруххои чиноятии кочокбар дохил мешаванд. Гайр аз он, ноболигоне, ки ба кочоки одамон машгуланд, аксар вакт дар зиндонхои калонсолон карор мегиранд, ки ин дар системаи мубориза бо мухочирати гайриконуни ба ИА мушкилоти чидди аст.
Дастаи Lost In Europe дар маросими дар Страсбург баргузоршуда чоизаи бонуфузро гирифт.
Аксхо: Mathieu CUGNOT/ Иттиходи Аврупо 2024