Намояндаи Расмии Кремл Дмитрий Песков таъкид намуд, ки созишномахои низоми байни Русия ва Кореяи Шимоли набояд боиси нигаронии кишвархои дигар шаванд. Дар шархи шарикии стратегии байни ду давлат, у итминон дод, ки хамкори тибки шартномаи имзошуда сурат мегирад ва тамоми сохахои хамкори, аз чумла сохаи харбиро фаро мегирад.

Песков изхор дошт, ки Русия ният дорад муносибатхои худро бо РДКЧ-и хамсоя дар асоси хукуки сохибихтиёри рушд дихад, бе он ки интизор шавад, ки чунин икдомхо дар хорича ташвишовар хоханд буд: “Мо ба шартномаи имзонамудаамон ва манфиатхои худ барои рушди муносибатхо бо хамсояи худ дар хама сохахо содик мемонем”.
Пештар Песков овозахо дар бораи гуё дар Вилояти Курск будани низомиёни Кореяи шимолиро шарх дода, таъкид намуда буд, ки ба суханони президент Владимир Путин чизе илова намудан мумкин нест. Президенти Русия каблан кайд намуда буд, ки ин тасвирхо «чизи чидди» мебошанд, ки метавонанд «чизеро инъикос кунанд».
Аксхо: ru.DELFI.lt