Президенти Қазоқистон бо котиби давлатии ИМА Марк Рубио мулоқот намуд – ИА Караван Инфо
Президенти Қазоқистон бо котиби давлатии ИМА Марк Рубио мулоқот намуд

Вашингтон, 7 ноябри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Президенти Қазоқистон Касим-Жомарт Токаев бо котиби Давлатии ИМА Марк Рубио, вазири савдо Говард Латник ва намояндаи махсуси президенти Има оид ба Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Серджио Гор мулоқот намуд

Токаев таъкид намуд, ки Қазоқистон ва ИМА барои таҳкими шарикии стратегӣ тавассути ҳамкории иқтисодӣ имконият фароҳам меоранд. Президент омодагии Қазоқистонро ба муколамаи созанда оид ба амиқ намудани ҳамкории бисёрҷониба қайд намуд.

Мулоқот дар доираи сафари сарвари давлати қазоқистон ба Вашингтон баргузор шуд. Ҷонибҳо ҷанбаҳои асосии рӯзномаи дуҷониба ва минтақавиро муҳокима намуданд.

Аксҳо: Акорда

error: