Театри опера ва балети Точикистон дар Париж бо тантана баромад намуд – ИА Караван Инфо
Театри опера ва балети Точикистон дар Париж бо тантана баромад намуд

Хунармандони театри давлатии академии Опера ва балети Точикистон ба номи Садриддин Айни дар сахнаи театри Афсонавии “Théâtre du Gymnase Marie-Bell” баромад намуда, тамошобинони фаронсавиро ба худ чалб намуданд. Тамошобинон бо дастпушихои пуршиддат ширкатро хамрохи менамуданд.

Тамошобинони ботачрибаи Париж, ки ба санъати баланд одат намуда буданд, аз махорати хунармандони точик хавасманд буданд. Ин муваффакият натичаи кори муташаккили на танхо хунармандони балет ва опера, балки тамоми даста: равшангарон, режиссёрони садо, гримёрхо ва костюмерхо мебошад.

Дар бахши аввал тамошобинон балети Михаил Фокин “Шопениана” – ро бо мусикии Фредерик Шопен диданд. Бахши дуюм порчахои намоишхои классикии Л. Минкус, А.Адан, Конек — Горбунок С. Пуни, инчунин вариантхо дар мавзуъхои Н. Паганиниро дар бар мегирад.

Шом бо дивертисменти милли ба мусикии композиторони точик: Толибхон Шахиди (Точикистон), Зокир Нишонов (Идона) ва Далер Тиллоев (Навои Шарк, Гардиш) ба анчом расид.

Хореографияро балетмейстери асосии театр, хатмнамудаи Гитис Аян Оскенбаева, инчунин репетиторхо Малика Калонова ва артисти шоистаи Точикистон Александр Бахман омода намудаанд.

Директори театр Камолиддин Сайфиддинзода, ташаббускори лоиха, гастролхоро як руйдоди мухим номид: “Театри мо бори аввал бо даъвати номи ба хоричаи дур сафар намуд. Мо ифтихор дорем, ки фарханги точикистонро дар Аврупо муаррифи мекунем. Бо дастгирии рохбарияти кишвар, бахусус сиёсати Президент Эмомали Рахмон, мо барои рушди хамкорихои байналмилали тамоми имкониятхоро дорем”.

Дар натичаи баромад, France UNESCO Esplanade коллективи театрро бо хайкали хотирави мукофотонид. Президенти созмон Кристиан Коне сатхи баланди кори хам хунармандон ва хам дастаи маъмуриро кайд намуд.

Гастролхо дар доираи фестивали байналмилалии “Фарханги Точикистон дар Париж” бо даъвати France UNESCO Esplanade баргузор шуданд.

АКСХО: Сафорати Чумхурии Точикистон дар Фаронса

error: