Душанбе, 15 январ, – АИ «Корвон Иттилоот». Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон созишномаро миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба тартиби будубоши мутақобили шаҳрвандон тасдиқ намуд, ки тибқи он шаҳрвандони ҳар ду кишвар метавонанд то 60 рӯз бидуни бақайдгирии расмӣ дар қаламрави якдигар қарор дошта бошанд.

Абдурахмон Аламшозода. Фото с сайта Маджлиси намояндагон РТ
Созишномаи мазкур, ки 1 феврали соли 2018 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд, 9 январ аз ҷониби вакилони мардумӣ тасдиқ гардид. Дар ин бора рӯзномаи парлумонии «Садои мардум» хабар дод. Дар мавриди тасдиқи созишнома аз ҷониби парлумони Қирғизистон то ҳол маълумоти расмӣ дастрас нест.
Муовини якуми вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Абдураҳмон Аламшозода зимни муаррифии санад иброз дошт, ки он ба рушди муносибатҳои дӯстона, танзими ҳуқуқии сафарҳои шаҳрвандон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои будубоши муваққатӣ равона шудааст. Ба гуфтаи ӯ, созишнома шаҳрвандонро дар муҳлати муайян аз уҳдадории бақайдгирӣ озод намуда, рӯйхати ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳандаи воридшавӣ ва дигар меъёрҳои ҳуқуқиро муайян мекунад.
Таъкид гардид, ки санад аз 10 модда иборат буда, ҷанбаҳои асосии будубоши қонунии шаҳрвандонро дар бар мегирад. Вакили парлумон Шуҳрат Ғанизода зикр намуд, ки ин созишнома ба таври мустақим имкони 60 рӯз бидуни бақайдгирӣ будани шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қирғизистонро пешбинӣ мекунад ва ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои сокинони ҳар ду кишвар мусоидат хоҳад кард.
Тасдиқи ин санад дар пасманзари беҳтар гардидани муносибатҳои дуҷониба сурат мегирад. Моҳи марти соли 2025 роҳбарони ду давлат Созишнома оид ба сарҳади давлатӣ ба имзо расонда, муноқишаҳои тӯлонии марзиро хотима бахшиданд ва бо ифтитоҳи гузаргоҳҳои марзӣ ҳаракати мутақобиларо пурра барқарор намуданд.
Соддагардонии низоми будубош ҳамчун идомаи мантиқии сиёсати таҳкими эътимод, густариши робитаҳои мардумӣ ва суботи минтақавӣ арзёбӣ мешавад.

Кушодашавии гузаргоҳҳои марзӣ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, 13 март 2025. Акс:Asia-Plus
