Душанбе, 31 октябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 октябр дар шаҳри Минск чорабинии махсуси байналмилалӣ таҳти унвони «Ҳамоҳангсозии роҳу равишҳои ИДМ, СААД ва СҲШ дар соҳаи деррадикализатсия: чолишҳо ва имкониятҳо» баргузор гардид.

Ин иқдоми Тоҷикистон ба ҳамоҳанг сохтани иқтидори се созмони калидии минтақавӣ барои таҳкими тадбирҳои пешгирикунанда, мубориза бо экстремизм ва таҳияи роҳҳои умумии деррадикализатсия дар фазои АвруОсиё равона шудааст.
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар чорабинӣ Дабири кулли СҲШ, роҳбарони секретариатҳои ИДМ ва СААД, намояндагони Маркази зиддитеррористии ИДМ, Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ, Идораи зиддитеррористии СММ, инчунин вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳои иштирокдор ҳузур доштанд.
Ин сатҳи баланд нишон дод, ки ҷомеаи байналмилалӣ ба ҳамоҳангсозии чораҳои муштарак дар пешгирии радикализатсия ва густариши идеологияҳои ифротгароӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ дорад.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус, вакили доимии Тоҷикистон дар мақомоти оинномавӣ ва дигар сохторҳои ИДМ Бахтовар Сафарзода, мавқеи миллии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд.
Ин равиш ба пешгирӣ ва маориф, ҳамгироии иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазир, таҳкими масунияти идеологӣ, ва ҳамкорӣ миёни сохторҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муассисаҳои динӣ такя мекунад.
Вай таъкид намуд, ки бе ҳамоҳангии байнисозмонӣ ва мубодилаи иттилооти таҳлилӣ, деррадикализатсия наметавонад натиҷаи устувор ба бор орад.
Иштирокчиён зикр карданд, ки ҳамоҳангсозии талошҳои ИДМ, СААД ва СҲШ имконият медиҳад, ки низоми ҳушдордиҳии барвақтӣ тақвият ёбад, мубодилаи таҷриба васеъ гардад ва барномаҳои муштараки таълимӣ ва иттилоотӣ таҳия шаванд, ки фарҳанги радди зӯроварӣ ва ифротгароиро дар ҷомеа таҳким мебахшанд.
Онҳо омодагии худро барои тақвияти ҳамкорӣ дар доираи механизмҳои бисёрҷонибаи амниятӣ ва ташкили майдончаҳои кории муштарак барои мубодилаи таҳлил ва таҷриба изҳор намуданд.
Тоҷикистон, ки дар мавқеи геостратегии муҳими АвруОсиё қарор дорад ва таҷрибаи бой дар мубориза бо ифротгароии динӣ ва сиёсӣ дорад, нақши фаъолро дар ташаккули низоми амнияти муштараки минтақавӣ идома медиҳад.
Иқдоми Душанбе инъикосгари сиёсати устувори кишвар дар самти пешгирии хатарҳо дар марҳилаҳои ибтидоӣ ва таҳкими амнияти идеологӣ тавассути ҳамкории байналмилалӣ мебошад.
Акс: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
