Душанбе, 31 октябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 октябр мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мануэл Микаллер баргузор гардид. Ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об баррасӣ карданд.

Зимни суҳбат ба масъалаҳои рушди энергетикаи устувор, навсозии инфрасохтор ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар бахши энергетика таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид. Ҳар ду ҷониб омодагии худро ҷиҳати тавсеаи ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои марбут ба баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои об ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим изҳор намуданд.
Таъкид шуд, ки таҳкими ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар ин самтҳо барои рушди устувори ҷумҳурӣ, таъмини амнияти энергетикӣ ва идоракунии самараноки захираҳои табиӣ аҳамияти стратегӣ дорад.
Дар поёни мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои идомаи ҳамкории самаранок ва рушди муносибатҳои дарозмуддати шарикӣ тасдиқ намуданд.
Акс: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
